«Дипломати точик»



    

   Рузе ки ба шахр меравам хатман  ба дидори Нуриддин мерасам. Дар мавзухои гуногун сухбат мекунем, шиносхои дар Душанбе будаву хамкоромонро ба ёд меорем.  У дар корхонаи бонуфузе кор мекунад. Ин маротиба  хангоми  дидор гуфт биё бозор меравем он чо точикон курутоб омода месозанд, то мухити ватанро ёд орему каме сухбат кунем.
Мичозони кахвахона асосан аз точикону узбекхою кригизхо иборат буданд баъзан русхо ба чашм мерасиданд.
Курутоб  бисёр серавгану серпиёз буд, вале маззаи курути  Точикистонро  надошт.
- Агар занхои хамкорам медиданд, ки чи тур бо даст курутоб мехурам мегуфтанд ки  «О, какой ужас! Как вы Нуриддин можете, ест таким способом?»…
Ба кахвахона  марди мазангсифате галстуки сурхи калоне чун ресмон дар гарданаш овезон андар ихотаи чор букасуратон ворид шуд, хама ба пичир пичир даромаданд - дипломат, дипломат, дипломат…
Сохиби кахвахона  ба пешвозашон шитофта  гарму чушон: раис, хуш омадед, раис, хуш омадед, гуфта ба чойи  алохидае  онхоро шинонд.
- Дар ин гушаи дастнорас боз дипломат аз кучо пайдо шуд - пурсидам аз Нуриддин.
- Ягон каллоб ё наркобарон будагист, Точикистон агар дар  хар як шахри  200 - 300 хазор ахоли доштаи Русия  сафоратхонаю конуслхона кушояд магар ин ин ки хамаи бучеташро ба он сарф кунад.
Наздиктарин консулхонахои Точикистон дар ин минтака дар Уфаю Екатеринбург чойгиранд.
Нуриддин аз пешхизмат - русдухтар пурсид, ки мехмони шефашон чи одамест?
- Говорят дипломат, но мне кажется, он мошенник  или  бандит даже двух слов правильно не может связать на русском. Разве настоящий дипломат будет, обедать в забегаловке для мигрантов…
- А почему ваш шеф заискивает перед ними?
-  Год назад он отказался, кормить его телохранителей, бедного так поколотили, целый месяц лежал в больнице. Каждый день два три   раза надо их бесплатно кормить. Шеф говорит,  сто раз лучше дело иметь с местным  бандитами, чем дипломатами Рахмона ...
     Хангоме ки кахвахонаро тарк мекардем  ахли рикоби дипломат ба самти мо нигоххои сарду пургуруре афканданд. Ин тоифа мекушанд ки хамагон зи онхо бихаросанд, зеро хешро сохибони ин дунё мехисобанд.
- Зани ин хел дипломахоро … ментхо тифли панчмохаро куштанд, хамашон  аз тарса дахон намекушояд. Президент бошад дар Хучанд атласро чашн мегирад. Хучандихо ба сарварону  дипломатхои кишвар куртаву эзори атлас хадя мекарданд нихоят хуб мешуд.  Депутатхо, рухониён, фаъолони чомеъаи шахрвандии Русия бахри химояи Умарали садо баланд карданд, вале муфтию депутатхои  точик бошад дар ситошиши чаноби оли банданду уро пешвои миллат мехонданд, монанди он ки мо ягон кабилаи турк ва ё мугул бошем.  Рузномахои русии Точикистон  низ худро зи ин фочиаи миллат канор гирифтанд, гуё ки фарзандони ни сарзамин набошанд. Намеандешанд чунин руз ба сари хар як инсон омаданаш мункин… Нуриддин зи асабоният пайи хам сигор мекашид намедонист чи тур газабашро фуру шинонад…
- Дилу дасти кас ба коре пеш намеравад, пайваста пеши назар симои Умарали меояд. Дар ин лахзахо хисс мекуни то чи дарача мо миллати бесохибу бесарвару парокандаву хору зору нотавонем, ки хатто тифлонамонро дифо карда наметавонем…
- Инхо барои хешу табору хамкабилаю хамшахриёни худашон  садо баланд мекунанд, гуфт Нуриддин – диди барои он ки писари Хукумовро аз махбас берун кашиданд, таёраи Русияро бо хавонавардонаш гаравгон гирифтанд. Погохи ба интернет даромадам, шояд акаллан ба хонадони Умарали таъзия баён карданд бошанд, вале хама дар Хисор бо харбуза – чойхонаи  Алимардонов банданд. Имруз  дехахои Точикистон таърихашонро аз модаршахрхои точик Бухорою Самарканд  кадимтар мехисобанду 2700, 3000 солигаашонро бо шукуху дабдаба  чашн мегиранд. Пас кучост он маданияту одобу рафтори чандхазорсола? Барои чи инхо нисбати хучандиёну самаркадиёну бухориён нафрати зиёд  дорад, зеро назди онон дехоти будани хешро дарк мекунанд. Инхо гумон кардан давлатро бо Калашников ба даст оварданд ва давлатдори кори осонест. Дируза колозчиву тракторчии  бо фотихаю аслихаи Елсину Каримов сад президенту вазир бишавад хам боз хамон кохозчиву тракторчи хохад монд. Молодой  студент  спрашивает  у  профессора:
– Посоветуйте,   как  мне  стать  интеллигентом? 
– Для этого нужно  окончить  три  университета. 
– И  всё?  Так  просто? 
– Да. Только один университет  должен окончить твой дедушка, второй – твой  отец,  а  третий  уже  ты  сам…
Дар шахрхои кухнаи мо: Бухоро, Самарканд, Хучанд пеш аз хама мепурсанд – шумо аз кадом авлод, гузаштатон ки буданд, авлодхои кухна хамаашон китоби шачараи хешро доранд. Зохиров исбот кард ки шачарааш рафта ба Хоча Ахрори Вали мерасад, вале инхо худ намедонанд киянду аз кадом авлоду кабилаанд? Точик?Турк?Мугул?
Баъзан меандеши кишвару миллати мо савдои шудааст. Исломбадбини, масчидвайронкуни, риштароши, хичобчини, харобсозии бинохои кадима…Мардум груснаву бекору бебарку бегарми инхо бошанд масчид,чойхона, китобхона, театри калонтарини Осиёи Миёнаро месозанду парчами баландтарини чахонро  мебардоранд, то чахониён бунинанд, Точикистон чи хел рохбарони «крутой доштааст.
- Махалгароии мо  ба он оварда расонд, ки одамони аз куча омада ворид майдони сиёси гашта лачоми давлатдориро ба даст гирифтанд. Магар дар кишвари солим чун шахси дар кахвахона вохурдаамон дипломат шуда метавонист?
- Боре як шиносам гуфта буд, ки  дар шахр як дипломати точик пайдо шудааст. Пурсидам ки дипломат ин чо чи кор мекунад? Гуфт ки  аз ин чо  то Казокистон як кадам, шояд бо паспорти дипломатиаш наркотрафикро  назорат мекунад. Дар хотират бошад хатто сафири Точикистон дар Казокистон бо наркотик ба даст афтода буд. Барои наркомафия харидани паспорти дипломати точик хеч душвори надорад. Дипломати имруза дидамон хамон аст. Шогирдони мактаби дипломатияи Назарову Зарифи, танхо дар гами хешу табору кабилаи хешанд. Дар хотират бошад дар шуъбаи иктисодиёт лакайе кор мекарду худаашро аз авлоди Хаёев метарошид. Ба туйи як хамкорамон ба Хисор рафта будем дар туй кордкаши карда хамаро шарманда намуда буд. Имсол дар Душанбе дар маъракае тасодуфан вохурдам. Доктори фанхои сиёсатшиноси шудааст, таъриф кард, ки хуччатхояшро барои кор ба вазорат корхои хоричи супориданист. Гуфтам ки бо ин хуйату бо ин забондониат  боз ту дипломат шудани ми? Гуфт ки  сумму тага хама дарро мекушояд…   
Дар интернет навиштахои  мухочирони точикро хондан  мункин, чи тур онхо бо киргизу узбекхо ба дасти полис меафтанд. Узбеку киргизхо ба сафоратхонахояшон занг мезананд дипломатхояшон пас аз чанде ба кумаки онон меоянд, вале ба занги точик касе чавоб намедихаду ва касе ба кумакакаш намешитобад. Чунки у миллати бесохиб аст!  Миллате ки на Президенту Парламент, на Вазиру Сафир дорад!
То коргохи Нуриддин дар бораи дардхои точику Точикистон сухбаткунон рафтмему ва сипас ман аз паси корхои худ равон шудам.
Рахорах фикр кардам, ки имсол се Умаралиро куштанд:
1.   Умарали Кувватовро барои фаъолияти сёсииаш полицияи махфи Точикистон дар Истамбул ба катл расонд.
2.   Умарали Бобочоновро милисхои точик барои ришаш дар Вахдат латукуб намуда куштанд.
3.   Умарали Назаровро полицияи Санкт-Петербург барои точик буданаш ба халокат расонд.


ХУДОВАНДО МИЛЛАТИ МОРО ДАР ПАНОХАТ НИГОХ БИДОР! БИДУНИ ТУ МОРО ПУШТУ ПАНОХЕ НЕСТ!




                        Хабиб Саид ноябр 2015 Кувандык -  Урали Чануби