Памирец, кулябец, согдиец, гармец….



                   Памирец, кулябец, согдиец, гармец…
     



     Як шиносам занг зада илтимос кард, ки ним сол шуд аз чиянаш хабаре нест, телефонаш чавоб намедихад, касе нест ки зи холаш пурсон шавем ва ба ман нишонаеро дод ки дар он чо, то нопадид шуданаш чиянаш мезист. Дар фосилаи  се соат бо электирчка ба он шахрча расидам ва хавлии заруриро дар канори шахр дарёфтам. Ба садои занг марди 55- 60 солае берун омад. Сохиби хона Шариф аз фирориёни точик будааст, ки  пас аз он ки «дустони мо» дар касри Арбоб «хокимияти конститутсиониро» ба сари кудрат шинонданд, кишварро тарк кардааст. Ин чо ба корхои мухталиф шугл варзида нихоят пешаи ронандагиро пеш гирифта хона харида оилаашро овардааст…

Сабаби омаданамро фахмида гуфт:
- Бисёр бачи сабук. Бо чиянхои ман дар бозор кор мекард, даромадаш бад набуд, аз кучое точике пайдо шуда точикхоро пулхои калон ваъда карда чангалбури бурд. Гуфтем нарав, одами ношинос, мебарад ба арманихо ё русхо ба гуломи мефурушад, дигар умрибод аз чангал намебарои. Не, вай точик, чи хел фиреб мекардааст? Гуфтам - Кенчаеву Сангакам точик буданд,  пули узбекхоро грифта тухми точика нобуд карданд. Одами бемагзу беаклба  гап фахмондан  душвор. Дар сараш танхо як фикр, пули калон кор карда аз  мошинбозори Душанбе мошинсавор ба дехаашон равад, то хама бинанду хасад баранд, ки Комил чи тур «крутой» шуда аз Русия баргаштааст... Чиянхоям гуфтанд, ки то ба чойи кор расиданаша чанд бор занг зад, дигар телефонаш чавоб намедихад. Пеш аз ба чангал даромадан телфону паспортхоро гирифтаги, аз он чо ё мегурези, ё ОМОН аз асорат начот медихад, ё дар хамон чо мемури, дигар рохе нест…
     То ба рох баромадани электирчка вакт зиёде буд дар мавзухои мухталиф сухбат карда нишастаем. Шариф то катли омми точикон дар яке аз дехахои назди шахри Кургонтеппа муаллими забони руси будааст. Дар бораи полки Меркулов, ки чи тавр дастахои Сангаку узбекхои Махмудро мусаллах кард ва сипас Сангак бонки Кургонтеппаро барои Меркулову хамсафонаш горат кард, чи тавр ба Кургонтеппа даромадани дастахои Сангак, чи тавр Узбекистон лакайхои Файзали, дастахои узбеку арабхои махаллиро мусаллах кард, чи тавр кушта шудан сардори вилояти Кулоб Чиёнхон Ризоев бо дасти Сангак, чи тавр каллабурони Сангаку лакайхою узбекхо сарвари вилояти Кургонтеппа – Кадриддин Аслоновро бо азобхои гушношунид ба катл расониданд… сухбат кардем. Аз сарвнавишти сарвари адибони вилоят Пиримкул Саттори пурсон шудам, гуфт, ки  лакайхо аз хонаш берун оварда дар пахтазор парронданд…
     Сухбаткунон ба самти истгох равон шудем. Ру ба руямон  чавони сару руяш пур аз чарохат баромада бо мо салом кард. Шариф бо у дар бораи чизе сухбат кард, вакте ки у дур шуд пурсон шудам,  барои чи у чунин холе дорад: - Аз бачахои худамон, пеш бо чиянхои ман кор мекард. Вактхои охир худашро аз точикон канор мегирифтаги шуд. Як руз занаш наздам омад, ки аки Шариф кумак кун, вагарна Бахтибекро мекушанд. Гуфтам айби худаш, худашро аз точикхо канор гирифта дар хама чо «ман памирец, ман точик нестам» гуфта мегардад. Занаш накл кард, ки чанд мох пеш дар хонаашон як  бадахшоние мехмон шуд пас аз вохури ва сухбатхо бо у худро аз точикон канор гирифта бо русхо нишасту хез мекардаги шуд, ману фарзандонамро низ фармуд то худро точик нагуем. Бо дустони наваш менушанду бахс мешавад ва уро чурка мехонанд, мегуяд, ки ман памирец, ман чурка не, ва дустонаш посух медиханд, ки - «кем бы ты не был,  для нас останешься чуркой»,  чанчол бармехезад, дустони наваш ончунон мезанад, ки хамсоягонаш бо замбар бардошта ба хонааш мебиёранд. Пас аз друст шуда ба пой хестан боз чанд бор дустонаш зери мушту лагад мегиранд. Ин чо аз русхои Душанбе Максим  хаст, худро фарзанди Точикистону точик мехонад, дар олами чинои вазн дорад. Наздаш рафтам, - ёрдам дех, вагарна бачаро мекушанд, оилааш бе сарпанох мемонад. Максим «дустонро» дар чояш шинонда монд. Ба Бахтибек гуфтам, ки аз хамин рузата мури бехтар бародар, Максим худро точик мехонад, ту боши аз точик буданат руй мегардони, имруз холи миллати точик хароб аст, бисёр фарзандон чун аз волидайни пиру барчомондаю бемор - аз   миллати хеш руй мегардонад… - Аки Шариф гапи як ахмакба даромада ахмак шудем… Ман он агитаторро мешиносам, шахр ба шахр гашта бачахои бадахширо ташвик мекунад, ки хешро точик нахонанду ва худро аз дигар точикон канор гиранд. Як шиносам гуфт, ки у хангоми чанги Афгонистон, дар дастаи спеснази ГРУ тарчумон шуда кор мекард, холо хам бо хамин  гурух пайваст асту дар наздикии Маскав зиндаги дорад, ба фикрам наздаш вазифа гузоштанд, то бадахшонихоро аз дигар гуруххои точик чудо созад, аммо хадафашон аз ин амал чист намедонам, ё шояд Бадахшонро чун Приднестровйе, Абхозистон, Осетияи Чануби аз Точикистон чудо созанд.  Тошканду Маскав колхозчиву заправкачиу тракторчиву киссабурро  сохибдавлат карданд, онхо ба чойи давлату миллатро мустахкам кунанд ба хамакишлокихои бесаводашон мансабхои давлатиро таксим карда тухми махалгарориро садчанд афзуданд. Имруз намояндагони дигар минтакахо дар ватан хеш  бегонаву нодаркоранд. Ин ба он оврда расонад, ки дигар точик худро точик неву берун аз кишвар памирец, кулябец, гармец, согдиец мехонад. Заминхои Бадахшонро расману пинхони ба Чин фурухта истодаанд, вакташба яке аз пирони хокимияти имруза Изатулло Хаёев 350  гектар замини Ворухро ба киргизхо дод, як чоркухи накл кард ки дар гирду атрофи Чоркух замини точико намонд хамаша ба киргизхо доданд. 14 чохи гази  дар шимоли Точикистон бударо низ ба Киргизистон хадя карданд, Узбекистон даъвои заминхои гирду атрофи геси Фарходро дорад, инашро низ бо дасти адаб бароварда медиханд. Ба наздики  бо як муаллим аз Кулоб, ки бо хамдехагонаш дар кучаи мо барои як фермер молхона месозанд, дар хамин мавзуъ бахс кардем, гуфт, ки бигзор тамоми вилояти Сугдро бароварда диханд,  ленинободихо зиёда аз 70 сол давлат ронданд, акнун навбати мо. Чаноби Оли рохи ленинободихоро ба Душанбе пулаки кард, ба чойи вай мешудам «визовый режим» чори мекардам... Гуфтам, ки ту муаллим шуда ин тавр фикр мекуни, пас аз  одамони бесавод чи гила. Ленинободихо бо бо тиру туфанги Узбекистону Россия чони 375 хазор одамро курбону ва  зиёда аз 1,5 миллонро фирори карда ба сари кудрат наомаданд ку. Сталин соли 1946 бори аввал точик - Гафуровро ба мансаби рохбарии Точикистон таъин намуд, у дар ин вазифа Протопопови русро иваз бинмуд, то Гафуров дар ин мансаб, узбекхо, арманихо, яхудиён, русхо… буданд. Аз 1946 то 1992 - 46 сол мешавад, на 70 сол. Дар он замон ба гайр аз Бухорою Самарканду Хучанд дигар минтакахои точикнишин кадр надошдтанд, то сарварии кишварро ба душ гиранд. Порае аз замини Точикистонро ба бегонагон нафурухтанд, баръакс кисме аз заминхои Узбекистонро гирифта точиконро дар шимолу чануб аз кухистон ба води фароварданд, то Узбекистон фардо ин заминхоро сохиби накунанд, точикро хору зору беобур накарданд… Вакте ки Расулов мурд  либоси дурусте наёфтанд, то дафнаш кунанд, бахри хешу таборашу фарзандонаш каср нахостанду хешу таборашонро ба мансабхои давлати нашинонданд… Гохо меандешам бемории махалгарои кабри миллати моро меканад, агар чунин равиш идома ёбад оянда миллат ба памирец, кулябец, гармец, согдиец пора шуда аз Точикистон ному нишоне нахохад монд. Акаллан Мирзошоев, Назаров, Зарифова, Бобоев, Хабибов, ки падарони маънавию мушовирони пасипардагии хокимияти имруза ба хисоб мераванду дар даври шурави дар мансабхои баланди хизбиву давлати кор кардаанд, ба ин навдавлатон намефахмонанд, ки давлатдории дар пояи махралгарои бунёд шуда кишварро ба вартаи нести мебаранд, агар имруз зи хисси махалбадбини замини Бадахшону Сугдро ба бегонагон хадя мекунанд, фардо мачбур мешаванд, ки зодгохи худро низ ба савдо бизананд, то мансабашон аз даст наравад…
То вокзал расидем, то ба рох даромадани электричка вакт буд.  Шариф пурсид, ки Бахитёр Худоназаровро шахсан мешинохтам, гуфтам, - на барои чи мепурси? - Мардак дар Точикистон калон шуда ном баровард ин чо омаду аз точик  буданаш хазар мекард, вакте ки аз дунё гузашт дар калисои православихо чанозаашро хонда  чун провослави  ба хок супориданд. Алишер Ходжаев писари актёри маъруфи точик  Алиназар Хочаев бошад, ба Руссия омада аз номи падараш гузошта даст кашида - Александр Ходжаев шуд.  Онхое ки дар оилахои русу точик таваллуд шуданд, ё тарбияи руси гирифтанд ин чо омада аз точик буданашон даст мекашанд ва ё хазар мекунанд. Точикон бошанд кисме худро афгону эронию кафкози метарошад, дигаре – худро памирец, кулябец, гармец согдиец мехонад. Пас ки точик хохад монад? Лакайхо, карлукхо, калугхо, катаганхо? Лулиёни Точикистонро пеш дар шиносномаашон лули менавиштанд, имруз онхо худро точик менависанд. Агар сохибони миллат аз миллати хеш даст кашанд, пас бегонагон номи ин миллатро сохиби мекунанд. Як шиносам ба фарзандонаш шароит мухаё кард, то дар гуфтугузор аз русхо тафовуте надошта бошанд дар хона низ бо руси сухбат мекарду ононро аз маъракахои точикон канор мегирифт. Боре шикоят кард, ки писараш гуфтааст, ки ман точик нестаму чурка будан намехохам. Гуфт ки агар дар куча бо чурахояш бошаду маро бинад тавре вонамуд месозад, ки маро надидаасту намешиносад…
     Олег Панфилов ки дар Хучанд таваллуд шуда ба воя расидаст худро точику фарзанди Точикистон мехонад. Дар мухити сангин   яке аз падару модараш, ватанаш, миллаташ, мазхабаш руй метобаду дигаре то нафаси вопасин содик мемонад.

   Вакте ки электричка ба харакат даромад, симои гамгини Шариф ба назарам расид, ки бо  ман хайру хуш мекард… Миллати сарсону саргардону бесохиб, фарзандонаш дар гариби парокандаву хору зор. Зимоми давлатдориро бо кумаки «дустонаш» ба авбошону киссабурон супорид, ки на хунари робариро ва на зеби рохбариро доранд, ягона хунарашон озори мардуму тухми махалгароиро афзудану дари масчидхоро бастану зи сари бонувон хичобро баркандану  риш тарошидан… асту бас.…

       Хабиб Саид августи  соли 2015,  Кувандик - Урали Чануби 



 Как Хаёев отдал 350 га земель Воруха Киргизстану?