Хабиб Саид: Устоди Сталин дар назди шайхони точик таълим гирифта буд




Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" хабар дода будем, ки китоби адиби точики муқими Русия Хабиб Саид бо забони руси дар Олмон чоп шудааст. Чанд рӯз пештар бо худи муаллиф иртибот гирифтем ва дар як сухбати ихтисоси аз ӯ пурсидем, ки чаро китоб бо забони руси на дар Русия, балки дар Олмон чоп шуд?

 - Аввал муборак бошад чопи китоб. Ва суоли аввал: чаро китоб бо забони руси  на дар Русия, балки дар Олмон чоп шуд?
-Ташаккур! Аз намояндаи нашриёти «YAM Publishing» мактуб гирифтам, навиштанд  ки нияти  чопи повести «Итальянец, тетя и Золушка» -ро доранд. «YAM Publishing»  бо забонхои сернуфузи  Аврупо китоб нашр  мекунад. Бозори китобхои  руси яке аз бозорхои азим  ба хисоб меравад ва онон мекўшанд, ки ин бозорро аз даст надиханд, бинобар ин хамеша дар чустучўйи асару муаллифони чадиданд.  
-Нашриёт китобхоро чи гуна чоп мекунад ва бо кадом рох ба фурўш мебарорад?
- Намояндагони нашриёт аз тариқи интернет маводи чопиро чуста, асари писандидашонро ба нашриёт пешниход мекунанд ва дар он чо аз дасти чанд шўъба гузашта,  сипас ба дасти чоп мерасад. Асархои русиро бештар аз пойгохи азими интернетии «Самиздат», ки хазорон адибон дар сахифахояш асархояшонро дарч сохтаанд, интихоб менамоянд. Дар Аврупо  мағозахои китобхои руси зиёданд, инчунин дар Ғарбу  Русия савдо тавассути  интернет -  магазинхо бисёр ривоч ёфтааст, зеро аз хона набаромада, метавонед маводи дилхохатонро хардидори кунед. «YAM Publishing» китобхояшро барои ИДМ тавассути интернет – мағозаи «Люблю книги» пахн месозад. Нашриёт китобро дар шакли электорни низ пахн мекунад.
-Дар ин савдо муаллиф чи нақш мебозад ва чи ухдадори дорад?
-Вақте ки нашриёт  ба асар таваччух мекунад, лоихаи чопи онро танзим мекунад ва ба он сарпараст таъин менамояд  ва ў гуфтушунидро бо муаллиф пеш мебарад. Нашриёт барои он ки китоб арзон афтаду бозоргир бошад, аз масрафоти барзиёд,  монанди гуфтугў бо муаллифону дигар корафтодагон аз тариқи  телефон ва дигар воситахо даст кашида,  танхо тавассути интернет робита барқарор мекунад. Муаллиф дар ороиши китоб низ тавассути интернет ширкат меварзад...

- Замоне мову шумо дар радиои Точикистон хамкор будем ва насли он замон шояд шуморо чун тахлилагри хуби сиёси фаромўш накарда бошад. Вале баъди ноамнихои солхои 90 мо шуморо гўё “гум” кардем. Дар кучоед ва чи мекунед?
- Мо низ дар сафи садхо хазор зодагони Точикистон хонабардўш шуда, пас аз сарсонихои тўлони  ба Русия афтодем, бо бародарон  дар яке истгохои рохи охани   Урали Чануби маскан гузида, ба истехсолот  машғул шудем.
 - Ба Русия чи гуна рафтед? Дар Ватан таъқиб шуда будед?
- Бале, мо низ гирифтори таъқиби дастахои дар он замон маъруфи  Чамолиддин Мансурову Сафарали Кенчаев шуда будем. Аз касе пўшида нест, ки он замон онхо аз вазъи пурталотум ва бебандубориву бехокимияти истифода карда, хавлихо, заминхо, молу амволи мардумро ғасб мекарданд, ки хонаводаи мо низ ба хамин сарнавишт рў ба рў шуд. Моли дунё хеч арзише надорад, метавонистем тахаммул кунем, чун Ватан аст ва намешавад онро ба чизи дигаре иваз кард. Вале онхо бародари хурдии мо Юсуфчонро парронданд. Хар боре ин ходисаро пеши назар меорам, бо чашмони пурнам ба ёди фарзанди падар аз таърихи гузашта ёд мекунам, ки ходисахои солхои 90-и асри гузашта як бор аз сари ин мардум гузашта буду ин такрори дахшатноктари он буд. Гузаштагони ин чашгруснахою пойбарахнагон  вақте ки пойи номубораки болшевекон ба ин сарзамин расид, чунин амалхои чингизонаро нисбати бобохои мо раво дида буданд. Онхо танхо тавассути ғорату куштор  метавонанд пораи нонашонро биёбанд. Ва ин бор мо  як гурух аввал ба Хучанд рафтем ва аз он чо ба Уш, аз Уш ба Бишкек. Чанд нафар аз хамрохонамон дар Бишкек монданд, вале мо ба рохи худ идома додем ва рохи Русияро пеш гирифт.
 - Гузашти солхо назари инсонхоро ба рўйдодхо  тағйир медиханд. Холо баъди худудан 25 сол назаратон дар бораи омоилхои аслии чанг дар Точикистон чи гуна аст?
- Аслан накшаи «дўстони мо» ин буд, ки Точикистонро низ чун Аморати Бухоро  байни хеш пора созанд. Вале муборази шадиди оппозисия, нуфузи устод Бурхониддин Раббонию Ахмадшох Маъсуд ва мавқеи Ирон нагузошт, ки ин нақша амали гардад. Шукр, ки Точикистон чун кишвар боқи монд, гарчанде масохати ду баробари кишвари Сингапур баринро  ба Чин «хадя» карданд.  Коршиносон  перомуни Точикистону Гурчистон хамеша менавиштанд, ки «несостоявшееся государство». Гурчихо рохи хешро ёфтанд, вале ояндаи  точику Точикистон норавшан мемонад.
Чанги бародаркуши миллатро парешон сохт, мағзхои андешаманд аз Ватан фирор карданд. Тибқи оморхои расман ироашуда дар ин чанг бештар аз 150 хазор нафар чон бохтанд. Вале ин як омори расми аст ва оморхои ғайрирасми рақамхои дигар, беш аз 200 ва хатто 500 хазор нафарро меоранд, ки боз хам боваркарданист. Барои ғояхои пучи коммунисти,  ки бисёр кишвархо аз онхо бармахал  даст кашидаанд ва ба сари қудрат овардани гурухе чони ин қадар инсонро қурбон сохтан магар зарур буд?  Дар як хамосаи хинди омадааст, ки хангоми ба тахт нишастани шохзодае мардуми  зиёде курбон мегарданд, шохзода  ба атрофиёнаш мегўяд, ки  ин қадар одам нобуд гашт, пас миллионхо соли умри ман дар дўзах мегузаштааст…  
Дар кишвар дар рўзи вахдат ба чойи тавбаву надомат мерақсанду месароянд, касе номи қурбониёни чанги шахрвандиро ба забон намеорад. Бояд 6 майро чун рўзи фочеъаи милли кайд кард, зеро  ин рўз нахустин бор хун рехт  ва  бо хамин Точикистон ғарқи селоби хунин гашт. Махкамовро ронданд, Аслоновро бо азобхои гушношуниде ба катл расониданд, Набиевро буғи карда, дар чойи хобаш куштанд … хамаи ин ба сарнавишти кишвар таъсир мекунад.  Дар қаламрави Точикистон зиёда аз 42 қабрхои умуми вучуд доранд, дар асоси маълумотхои як замон нашркардаи СММ дар баъзе аз онхо то 2 хазор нафар  хангоми «чисткахои»  Фронти халқи  ба катл расида, зери хоканд. Кишвари қашшоқтарини чахон, ки фарзандонаш бахри пораи ноне дар дари бегонагон мардикоранд, чашнхои пурдабдаба мегузаронад, дину диндорон зери фишор қарор мегиранд, аз фазои модарии хеш - форси, Афғонистону Ирон  хешро канор мегирад. Махз Точикистон ташаббускори лоихаи ташкили телевизиони муштараки форсзабонон буд, вале боз хам махз Точикистон сабабгори амали нашудани ин лоиха гардид. Мо хамоно шармандавор дастгоххои ройгон овардаи Иронро дар анбор нигох медорем ва хатто замоне муддате дар фурудгох монд ва мақомот аз Эрон бочи гумруки талаб карданд. Имрўз хам мекўшанд, ки литсейхои турки, филмхои турки, тарзи зисти ва фазои туркона густариш ёбад, то рўзе Абдурауф Фитрате пайдо шаваду Точикистонро пораи Туркистони бузург хонад. 
- Вақте ба сухбат омода мешудам, чандин нигоштахои шуморо аз блогистонатон мутолиа ва чанд нуктаро аз онхо ёддошт кардам, ки мехостам холо баъзе нукоте, ки бароям то хадде норушан боқи монда буд, суол кунам. Агар ёд дошта бошед асли ноамнихои кишвар аввали солхои 90 шуруъ шуданд ва як бахонаи сар задани он вуруди арманихо ба Точикистон буд.  Дар як эссеатон ба фишори арманихо болои точикон ишора кардаед. Шахсан барои ман маълум нашуд, ки ин бахона буд ё воқеъият, чун касе далели дақиқ ва раднашаванда наметавонад пешниход кунад. Шумо чи назар доред дар ин бора?
- Арманихо кавми бовариноки  империяи Рус ва чахони насрони дар олами ислому  Шарк ба хисоб мераванд. Дар хадамоти чосусии шўрави арманихо нуфузи зиёд доштанд. Бахманмохи хунинро Кремил  бо дасти Пектелу Михайлин ва гуруххо чиноии махалли пиёда кард. Дар он шабу рўз арманихо  харчанд вазифахои калиди надоштанд, вале ба элитаи замон иртиботхое доштанд. Масалан, то чое ман медонам, ронандаи Котиби  якум КМ ПК Точикистон армани ва хатто хамсари раиси ШО Точикистон армани буд. Хадафи асли ба майдон кашидани мардум ва донистани қудрат ва заъфи нерўи муқовимат буд. Он замон, ки дар Қаробоғ чанги арманихову озарихо шадидан идома дошт, бо овардану чо ба чо кардани 10 – 15 хонаводаи арманихои фирори ба оташи ғазаби мардум равған рехтанд. Агар таваччух карда бошед, дар миёни 28 қурбонии бахманмох ягон нафар армани набуд, вале точикон аз арманихо  узр пурсиданд. Холо бо супориши гуруххои махсус арманихо бо истифода аз командаи Артур Чонибекиён бар миллати мо дарафтода,  номи миллату кишвари моро доғдор мекунанд, дахсолахо лозим аст, ки ин доғ шуста шавад.  Зери бисёр мақолахои зиддиточики номхои муаллифони армани истодаанд. Багдасаровро бинед, дар хар  баромадаш ба самти точику Точикистон санг меандозад. Барномахои тақхқиромези Михаил Галустян аз тариқи “Наша Раша” ханўз аз ёдхо зудуда нашудаанд. Махз ў буд, ки точикро Чамшуди гулу гаранг номид ва ин образи нотавону хақир тимсоли аслии миллат дар Русия шудааст. Нафратовартар аз хама он аст, ки ба чуз чанд зиёии огоху хушёр аксаран аз тамошои ин гуна барномахо ба завқ меоянд ва тахқири Михаил Галустянро чун хачви малех меписанданд ва ба холи миллат механданд. Нафратангез аст, ки як шахсияти маъруф бо Галустян акс гирифтаву онро дар сахифаи интернет гузоштааст. Холо хам  бисёр филму барномахои телевизониро продюсеоашон арманихо мебошанд, хамеша  дар ин филму баномахо нисбати точикон чизе манфие хатман садо медихад.
Аз сўи дигар насронихо дар вақташ хадафхояшонро дар Ирон бо дасти арманихо пиёда месохтанд. Ба наздики як мусохибаи Хайдар Чамолро хондам, ки мегўяд, вақте ки муғулхо ба Осиёи Миёна хучум карданд, мушовиронашон арманихо буданд. Пас муғулхоро бар зидди олами Ислом бо супориши насронихо бархезонданд. 
 - Ва боз хам баргардем сари навиштахои шумо. Дар эссеи «Бухара - сердце Центральной Азии» дар бораи  маркази неруи рухони будани ин шахри ирониёни шарқи харф задаед.
- Бухоро қурбони зидиятхои империяхои англосакхою славлянхо гашт. Вақте ки сарбозоини Александри Дуюм вориди Осиёи Миёна гаштанд, хадафи асоси заиф сохтани фазои ирониёни шарқи буд, зеро фазои бузурги Авруосиёро Бухорои Шариф тавассути  дин  зери назорати худ дошт. Дар Бухорои Шариф хазорхо  хазор мусулмонони империяи Рус  тахсил карда, ба зодгохашон баргашта, анъанахои ин мактабро идома медоданд. Он солхо империяи Рус бо осони метавонист, ки Бухороро  зери  тасаруффи худ дарорад, зеро артиши қави дошт, вале дарк мекарданд махви Бухорои Шариф ба сарнавишти кишварашон бетаъсир нахохад монд. Болшевикон пас аз он ки қисме аз империяи Рус – чамохири  сохили Балтик, Финландия, Лахистонро  аз даст доданд, хостанд бо тасаруффи  Бухорою Хева худро назди чомеа сафед кунанд. Фрунзе Аморати Бухорро нобуд сохту Куйбишев ба он  чомаи турки пўшонд. 2 сентябр рўзи махви Бухорои Шариф аст ва инро метавон фочеъаи милли донист, ки мутаасифона кам касон ба  ин санаи мухими таърихи таваччух кардаанд. Дар кишвар ба номи махвсозандагони Бухорои Шариф кучаю хиёбонхо  гузоштанд, вале касе номи фарзанди бузурги Бухорои Шариф  - Абдуқодир Мухиддинровро, ки барои арзи хасти кардани кишваре бо номи Точикистон сахми азиме дорад, ба ёд намеорад.
 Эгрегор милли  мо хамеша  дар Бухоро буд, ки неруи рухонии миллатро дар фосилаи хазорхо сол гирд  оварда,  миллатро идора месохт. Душанбе хеч гох чои Бухороро гирифта наметавонад, зеро гузаштааш заиф аст, чун Бухоро шухрати таърихи надорад. Гузашта аз ин зарфи бист соли гузашта тамаддуни шахри ва фарри шохона аз он бирафт. Кофист, ки ба гуфтугўи сокинонаш, ки аксаран тахчойи нестанд, таваччух кунед. Як забони омиёнаи омехта бо вожахои кўчагии номафхумро мешунавед, ки хоси маданият ва фарханги шахр ва ба вежа пойтахт нест. 
- Дар эссеи «Сталин ва точикон»  овардаед, ки устоди Сталин дар Бухоро  назди шайххои точик тахсил кардасту форсиро хуб медонист. Ин то кучо хақиқат дорад?
- Ба чомеа Сталинро  чун шахси бесавод муариффи кардани мешаванд, ки дар асл чунин нест. Китобхонаи шахсии Сталин 20 хазор китобро дар бар мегириад, ки хамаи онхоро хондаасту дар  сахифаи китобхо қайдхо кардааст. Мистикаро (илми ғайбро)  Сталин аз  Георгий Гурджиев–яке аз маъруфтарин  файласуф – мистики аввали карни 20-и  Аврупо  омўхтааст. Гурджиев дар хотираахояш  дар бораи тахсилаш назди шайхони точик  дар Бухоро, сафараш тавассути  Зарафшон ба  самти Афғонистон нақл кардааст. Шояд Сталин зери таъсири устодаш ба миллате, ки болшевикон бо сарвари Ленин мехостанд, ки ба партобгохи таърих афгананду ба чойяш турконро нишонанд, кўмак бинмуд, то порае аз замини ачдодиашро нигох дорад. Ягон сарвари  Шўравию Русияи муосир  чун Сталин ба точикон   некихо  накардааст. Набояд онхоеро, ки бахри миллати миллати мо дар лахзахои сангинтарин дасти ёри дароз  кардаанд, фаромўш кард.  
Сухбати Бобочони Шафеъ

Маълумотномаи "Рӯзгор": Хабиб Саид зодаи Душанбест. Дар донишкадаи кишоварзи тахсил кардааст. Ба сифати - кафшергар, челонгар, мухандис, геолог, технолог, рӯзноманигор, шореии сиёсии радио фаъолият намудааст. Мачмуааш бо номи "Одамсурате, ки субҳгоҳон пайдо мешавад" соли 1992 ба нашр расидааст. Ба забонхои тоҷикию руси эчод мекунад. Иштирокчии лоихахои зиёди интернети - адаби мебошад. Осораш дар сайту блогҳояш: "Насри навин", "Проза", "Наср - Проза", "Мы вышли из Любви, Мы есть - Любовь, Мы возвращаемся к Любви", "Инsайт", "Танз", "Новеллахо", "Ҳабиб Саид - эссе" чой дода шуданд. Аз соли 1992 дар Русия истиқомат дорад.