Танкисте ки дар сар орзуи фатхи Бадахшонро дошт





    Бо шиносам  ки тасодуфан вохурдам дар кахвахона нишаста  сухбат мекардему дар шигифт будем ки агар бо киргизхо чанг сар занад, кишвар ба чи холе хохад афтод? - Кадрхои Фронти халки ягон корро халлу фасл карда наметавонанд, баръакс аз ягон чизи ночиз муаммо эчод мекунанд, руйдодхои Гарму Хоруг бори дигар инро собит сохт. Даври шурави вазирхои савдои Точикистон хамеша исфарагихо буданд ва исфарагихо бозори калонтарини меваи хушки  Осиёи Миёнаро созмон дода корчалони хешро бори дигар собит сохтанд. Ихтёрро бояд ба худи исфарагихо во гузошт, зеро онхо хазор сол боз  бо киргизхо пахлу хам зиндаги доранд ва медонад чи тур бо онхо муомила бинмуд ва чойи заифи хамсояшон  дар кучост. Кадрхои гуруснаи Фронти халки аз марказ барои пур кардани чайбашону шикамашон  ба Исфара партофта мешавад танхо манфиати худу махалашонро дар мадди аввал мегузорад, бахрашон ин махалу ин мардум аз кавми бегонае беш нест… Киргиз мардуми тарсончак нес т ки уро бо дугу пуписаву Калашникову мо «муридони» Сангаку Файзали гуфта битарсониву коратро буд куни…
Дуру дароз перомуни кардхои Каримову Елсин тавассути Калашников ба сари кудрат оварда сухбат кардем ва  хагоме кахвахонаро тарк мекардем гуфт: – Мехохи,  бо яке аз хамсафони Сангаку Сафаралию Файзиали  шиносат кунам. Ба таххона фаромадем.  Назди дари хочатхона  марди  чандапуше мехуфт  ки наздаш кулохе  барои садака меистод -  Шинос шав,  кадри Фронти халки, - гуфт хамсухбатам ба чандапуш ишорат бинмуда. - Тирамохи соли 1992 уро  собик танкистро  ба Узбекистон мебарад ва  хамрох бо 20 танки Т- 62 Узбекистон ба Сангак «хадя» карда  «хокимияти конститусиони» ро бо танкаш вориди пойитахт  мегардонад. Бо  Т-62 то Тавильдара меравад дар яке аз набардхо аз сараш сахт мачрух мегардад, хамсафонаш  аз  дивизия  201 «дусташон»ро партофта рамзгоххро тарк мегуянд, пирамарде уро ёфта  ба тарафдоронаш месупорад.  Вакте ки маст мешудааст ба дашноми оппозисия гузашта фарёд мезадааст ки бо танкаш то Хоруг хохад рафт ва портрети бобои Сангакро дар маркази Бадахшон насб хохад кард… Дар кимор буду набудашро бой дода ба Русия фирор мекунад ва дар ин чо ба бригадае меафтад, ки хамаашон аз бачахои помирию гарми  иборат буданд. Як руз маст шуда мебиёду чизе ки дар сар нисбати оппозитсияю помирию гарми   доштро ба дахон меорад. Бачахо мехоханд бо нияти хас каму чахон пок саги Каримовро дар битон гур кунанд, вале марди  калонсоле  пеши рохашонро мегираду мегуяд ки гунохро ба гардан нагиретон, ашхосе ки  зидди ислом бархостанду бо  бегонагон пайваста бародарони хешро куштанд - чун саг хоханд мурд … Гуфтам шояд ягон турку мугули точикшудааст, ки дар дил орзуи бобогиаш фатхи Бадахшонро мепарваридааст.  – Ман борхо уро ин чо медидам гумон мекардам ки аз майзадахои махалист. Рузе як хамшахраш  киссаи уро накл кард, пурсидам ягон катаган будагист, - гуфт ки не, баъзан аз охан г.. меруяд аз авлоди эшонзодахо, аз дарунашон хамин танкисти исломбезор баромад … Хангоми хайрухуш шиносам гуфт, ки дар бораи Зарифи  хонди, - шахсе ки ду баробар масохати замини нохияи Исфараро ба Чин дод, кунун рузномахои озод уро кахрамон хонда истодаанд…
    Рахорах бо  худ андешидам,  ки дар мо агар точики дигар махалро куши ва ё замини дигар махалро ба савдо зани бахри хаммахалонат кахрамон мемони.  Дар маъракае ба мансабдоре воломакоме мегуянд ки кори хуб накардетон ки замина ба хитоийхо додетон, фардо афгону узбаку киргиз даъвои замин мекунам. Мансабдор мегуяд ки замини помирихоро додем, лозим шавад замини ленинободихояшро низ ба саво мезанем…  Изатулло Хаёев 350 гектар замини Ворухро ба киргизхо дод, зеро ин замину ин махалу ин мардум аз «бегонае» бахраш беш набуданд.
   Точик хамаро чизро бо меъёри махал мепазирад. «Дустони» и мо  махалгароии моро чирадастона истифода бурда зуран  чанги шахрвандиро ба гардани миллати мо бор карда кишварро хароб сохтанд…
     Рузе муаррихон хоханд навишт «Сари  Точикистону точикро маризи махалгарои  хурд ...»



            Хабиб Саид   январ соли 2014   Урали Чануби




Как Хаёев отдал 350 га земель Воруха Киргизстану?