«Моссад» ва сарнавишти хунини точикон

 



        Дар афрухтани чанги шахрвандии Точикистон  номхои  - Елсин, Козирев, Каримов, Кенчаев, Сафаров, ГРУ, СРУ, дивизияи 201, нерухои оппозисион, Фронти халки, рухониён, махалгароён, коммунистон, пантуркистонро…  ба забон мегиранд, вале  перомуни «Моссад» кавитарин разведкаи чахони муосир, ки яке аз ташкилкунандагони асосии чанги хунини Точикистон мебошад, касе сухан намекунад, зеро «Моссад» ончунон  ноаён  амал мекунад, ки аз худ изе намегузорад.

       Соли 1992 яке аз сарварони воломакоми «Моссад» фосилаи тулони дар Осиёи Миена буд. Сарварони кишвархои  минтакаву Русияро  зидди Хокимияти муросои милли омода намуда пайваста хотирасон  менамуд, ки агар ин хокимиятро имруз нобуд насозем, фардо исломгароён  кишвархои  шумоёнро низ зери назорат  хоханд гирифт. Бо бахонаи кумак барои ихрочи яхудиёни   Душанбе, гуруххои махсуси низоми Исроил хатто омода буданд, то вориди кишвар гарданд.  Кушиши гуфтугуйи намояндагони Хокимияти муросои милли бо Елсину атрофиёнаш бе натича анчомид, зеро Елтсину тимаш худ зери назорати америкоиёну исроилихо буданд. (яке аз сабаби махбубияти Путин дар Русия он аст, кишварро аз зери назорати америкоихою исроилихо берун кашид)


      Исроили аз Точикистон   фарсаххо дур афтода дар ин чо  чи мечуст? Хадафи асоси он буд, ки байни Точикистону  Ирону Афгонистон  ва чахони ислом робита наздик пайдо нашавад ва душмани ашадди Исроил - Ирон дар Точикистон мавкеъ наёбаду барои  иттиходи кишвархои форсизабон замина пайдо нагардад. Чанги шахрванди чанд масъаларо барои исроилихо хал мекард: Исломро заифу бадном  месохт, то мардум  динро сабабгори хамаи бадбахтихои худу кишвар  донад. Мактаби динии Бухоро, ки Точикистону точикон  ворисони асили мактаби мазкур ба хисоб мераванд, аз рушд бозмемонд . Дохили  миллатхои минтака (хусусан узбекхою точикхо) тухми адоват меафзуд, то байни онхо ягонаги (ягонанагии то инкилоби октябр буда) ба амал наояд. Ва то точикон вазифаи  таърихи зиёда аз хазор соли худ - пахнкунандаи дини исломро  дар Осиёи Миёнаву ва кишвархои атрофии онро   ба чой оварда натавонанд.  Ва бо бадномсозии дину ба хун кашидани Точикистон аз пешрави дин дар минтака пешгири мекунанд.

     Аз хама асосаш барои кави сохтани Исроил яхудиёни  Осиёи Миёнаро, ки зиёда аз 2500 сол дар ин сарзамин зиндаги мекунанд,  чанг мачбур месохт, ки то онхо ба Исроил куч банданд. Пас аз чанги хунин аз 15 хазори яхуди дар Точикистон истикомат кунанда  100 нафар  боки монанд ва Осиёи Миёнаро зиёда 250 хазор яхудиён тарк карданд. (огози солхои 90 холо Точикистон ором буду, вале  яхудиён ба куч бастан огоз намуданд, зеро онхо аз манбахои боваринок медонистанд, ки Точикистонро чи сарнавиши хунине  интизор аст)

    Чомеаи муосири точик пайваста даст ба гиребонанд, хамдигарро бахри афрухтани чанги шахрванди гунахкор месозанд. Холо он ки хамагон  - мухрахоянд дар дасти гросмейстерхои хазорхо фарсах дур аз кишвари мо зиндаги кунанда. Кишвархои кучаку нотифок хамеша тахтаи озмоиш бахри бозингарони асиланд, то моделхои мухталифро дар амал  биозмоянд. Сенарияи чанги шахрвандии Точикистон дертар дар чанги якуми Чеченистон ба кор андохта шуд, вале чеченхо, ки мардуми нихоят тифоканд, он бе  натича анчомид. Вакте ки гернерал Лебед чанги якуми чеченхоро бо сулх анчомонид, Березовский  ба у мегуяд, ки аз сулх ту ба мо чи суде, зеро чанг бизнеси сердаромартарин ба хисоб меравад.
     Вакте ки силохбадастони  Фротни халки бо нерухои пуштибонашон мардуми фирориро ба самти Афгонистон танг мекарданд,  пирамардон,назди мансабдори низомие меоянд, - «Ту фарзади мои, кумакамон кун, холамон хароб аст». Ва у дар дар чавоб мегуяд, ки «Ман ба ном рохбарам, дар ин чо ман чизеро хал карда наметавонам, рохбарияти  амалётхои низоми  дар дасти намоядагони разведкахои хоричист…» 
    Коршиносоне, ки  разведкхоро зери тахкик доранд МИ- 6 англисхоро нисбати дигар разведкахое, ки дар Точикистони муосир  фаъолият доранд  аз хама бомуаффактарин мехисобанд.
     Дар чанги шахрванди  то ин ки точикро бахри куштани бародараш вичдонаш азоб надихад, разведкахои хоричи модели «вовчику» «юрчикро» ба кор андохтанд. Кунун худи точикон чомеаро ба шиаву ва гайришиа (фишори муфтиёту дигар идорахои давлати зидди бародарон Турачонзодахо) чудо сохта кишварро ба вартаи носуботи тела медиханд. Бо ин амалашон  кишварро аз ягона химоятгар -  Ирон низ махрум хоханд кард. Точикро бошад дар давраи славянхо касе интизор несту ва касе даъват нахохад кард, ба доираи туркхо точикон худ намераванд. Аз давраи форсизабонону исломихо худ мегурезанд.
     Барои аксарият гузаштаи хунин сабак нагаштааст, зеро бахри маблагхо аз берун гирифтаро  «халол» кардан вазъиятро тезу тунд месозанд. Пас аз амалётхои хунини 1992 - 93 бисёре аз афрузандагони  чанги шахрвандиро дар фрудгохи Бен – Гуриони Исроили диданд. Онхо ки худ яхуди  нестанду  решахои яхуди надоранд, дар он чо чи мечустанд?     
      Боре аз точике  сарнавшити яке аз афрузандагони чанги хунинро, ки аз кишвари хамсоя мошинхои пур аз силохро оварда ба хамшахриёнаш таксим менамуду  онхоро ба самти Кофарнихон, Гарм, Бадахшонр равон мекард, - пурсон шудам, гуфт, - девон шуд, уро дигар идора карда намешавад, фарзандонаш уро бо занчир бастанд, аз шармашон  ба касе нишон намедиханд…
 Пулхои хунин ба касе ош нашудааст.


                                 Хабиб Саид   январи 2012 Урали Чанбуби


Ахмад Зохир БУХАРА Душанбе Исфара Хабиб Саид Хабиб Саид - YouTube Таджикская музыка ВИРУСИ - М