Дар сари кабри точике





 
     Хавои тасфон рохгардиро душвор менамуд. Дар атроф  дарахте ба чашм намерасид, то зи гарми лахзае пинхон ёби. Дарк намудам, ки  рохгумзадаам. Дар дур биное ба назар намуд. Наздик омадам, дарёфтам, ки ин чо ферма аст. Садои  аккоси саг мардеро берун овард. Пурсид, ки  кучо равонам,  - Новопавловка дар дигар самт  аст… Об нушида  зери сояи ягона булут нишаста то фаромадани дами хаво дуру дароз сухбат кардем. Алексею  рафикаш чорвои   фермери хамдехашонро  бо навбат мебониданд. Фахмид, ки  точикам, гуфт, чанд сол пеш  ин чо точике аз дунё гузашта буд… Фермер барои таъмири фермаи нимвайронае чор точикро ба кор мегирад. Коргарон то фарорасии барфи аввал таъмирро ба анчом мерасонанду интизор мешинанд, кай  пулашонро медихад, то ба ватан баргарданд.  Се мох дар интизори маош мешинанд, барфхои  пайваста рохро пурра мебанданд,  то наздиктарин деха  12 км. рох.  Бо каме орду макарону, гречкаю картошка дар хоначаи сард бо либосхои тунук мемонанд. Як нафарашон бемории вазнин мешавад, на дору дорад ки табобат кунанд на рох хаст, ки уро ба деха баранд. Бемори авч мегираду рафикашон  дунёро тарк мегуяд, ногузир   уро ин чо дафн мекунанд.  Фермер пас аз мастомастихои тулони соли нави  ба хотираш мерасад, ки точикон дар ферма монданд. Бо К - 700 рох кушода  назди мардикорон  мерасад: яктаашон фавтидаасту дигаронашон груснаву бемор итизори пул нишастаанд. Пули рохашонро медихаду ваъда медихад, ки бахор пулашонро мегиранд. Мардикорон  мебинанд, ки пулашонро ситонда  наметавонад, агар боз интизор бишинанд дунёро тарк хохад гуфт, рохпулиро мегиранду ба рох медароянд…


     Алексей кабрро нишон дод… Он дар  баландие чойгир ва атрофаш сангчиншуда буд. Ба рухаш   оёте бахшида аз чой бархостам. Наздиконаш шояд надонад, ки азизашон дар кучо рохи охирати хешро биёфт ва кадами онон ба ин чо нахохад расид…
      Аз Алексей пурсидам, ки мардикорон барои гирифтани пулашон баргаштанд ё не? –Барнагаштанд,  хамшахрияшон, ки онхоро    назди Сергей (фермер)овард буд, аз у каздор будааст, хамдехагонашро фирефта  ба ивази карзаш ба Сергей додааст. Хамон сол нисфи чорвои Сергей талаф ёфт, одамон гуфтанд, ба мардикорон чабрро раво дид, ногузир кораш хамин тавр мешуд…

       Бо андешахои дардолуд ба самти Новопавлока рахсипор гаштам. Кавме, ки хазор сол пеш ба ин сарзамин бо дини Илохию китоби  Илохи омад ва  мардуми буми эхтиромашон  мекард. Имруз пас аз хазор сол ворисонашон  аз чабри бародарони хеш, ки бо пантуркистону сионистону салибдорону бегонагон як шуда «чистка» мегузаронданд, то точик номи Худоро сухани Худоро ба забон нагирад, ба ин  сарзамин   фирор карданд. Сипас мардикорон, наркокурерхо, авбошон…  омаданд. Кисме мекушад, то асолати миллии хешро  нигох бидорад, то точикон дар мусофират бадному пароканда  нагардад, вале амвочи амалхои манфи ончунон азим аст, ки хама хубихоро нопадид месозад. Бахри аксарият имруз бародарфурушиву миллатфуруши як кори маъмули шудааст. Бародарони худро мефиребанд, мекушанд, ба гуломи мефурушанд, ё ба дасти чинояткорону милисахо, гурухои этники месупоранд, то  дунёи ду рузашон «пурнур» гардад…
                        


                             Хабиб Саид  августи 2010 Урали Чануби


Ахмад Зохир БУХАРА Душанбе Исфара Хабиб Саид Хабиб Саид - YouTube Таджикская музыка ВИРУСИ - М