Ворисони рохгумзадаи Бухорои Шариф андар огуши куххои Урал



   Дар он чойе, ки Дашти Кипчок интихо меёбаду куххои Урал огоз мегирад, бисёр мавзеъхоеро вомехуред, ки номи Бухорро бо худ пайвастаанд. Мардуми мусулмони ин мавзеъ худро ворисони мактаби динии Бухоро мехонанд. То огози инкилоби соли 1917 ин мардум бо Бухоро робитаи ногусастание доштанд. Ислом тавассути Бухорои Шариф вориди ин сарзамин гашт, аваллин таблиггароёни дини мубини ислом низ бухороиён буданд. То хол  ажодонеро вомехуред, ки дар фосилаи карнхо бо мардуми буми омезиш биёфтаанду, вале  то холо   атрофиён ононро бухорои мехонанд. Инкилоб(сахехтараш табаддулоти давлати) мардумони ин минтакаро аз Куръони Шариф, аз дину рухониёнашон, аз масчиду алифбои арабиашон, урфу одати милливу забони модариашон махрум бисохт. Имруз чи холе доранд онон? Пас аз перестройкаи Горбачев дар минтакахои мусулмонишини Осиёи Миёнаву Кафкоз дар фосилаи кутохе масчидхо комат барафрохтанду дари мадрасахо бахри шогирдон во бигаштанд. Вале дар ин чо гуё, ки вакт хуфтааст. Гарчанде, ки хокимиятдорон бахри барафрохтани масчиду ба чой овардани урфу одатхои дини монеъ намегарданд, вале гаравиш ба самти дини бобои дар ин гушахои аз шахрхои калон дур афтода, ночиз аст. Андар дехахои дурдасти русхо, тоторхо, бошкирдхо, казокхо, украинхо, мордвинхо, кариб ки вазъ як аст. Дар дехахои православихо серкову дар дехахои мусулмонон масчид дида намешавад. Масчидхои ахёне, ки ба чашм мерасанд, холианд.


    Бо пирамарди тотор дар элетричка хамсухбат гаштам. Дар дехаашон, бо кушиши наздиконаш масчид барафрохтааст. Гила кард, ки аз дехаи калони мусулмоннишин касе дар сохтани масчид кумак нарасонд. Бисёрихо гуфтанд, ки ба мо масчид чи лозим, аз вай ба мо чи фоиде? Аз точикони мардикори дар колхоз коркунанда миндатдор шуд, ки дар барафрохтани масчид хисса гузоштанд. Пурсидам, ки дар рамазон масчидатон серодам аст, гуфт, ки худашу наздиконаш ва боз ду се кампир дар деха руза медоранд. - Мардум мо - ба дин, ба масчид, ба мулло - чун ба душманаш менигарад. Дар мухите, ки аксарият самогон мекашанду хук мепоянду гушти хук мехуранд, писаронро хатна намекунанд, фарзандони зи дасти падару модарони майзада бе пораи нон монда дар сагерахонахо панох мебаранд... душвор аст меъёрхои исломиро чори карданд. Коммунистон ончунон рухияи мардумро аз Худову динаш дур афкандаанд, ки дар гумон аст, ки рузе ба фазои аслиашон баргарданд... Ба мардуми шумо омад кард, динашонро хифз карда тавонистанд, ба фишори КГБ нигох накарда мактабхои  пинхони дини амал мекарданд, вале коммунистон рухияи мардуми моро ончунон аз Худопарасти поккори намуданд, ки дар гумон аст ба динаш баргардад...
     Тобистон тасодуфан ба фермаи дехае афтодам, ки сокионашон хама мусулмон буданд. Биргадир намедонист, ки бо подабонхои маст чи кор кунад, ягон коргари хушёрро намеёфт, то ононро иваз бикунад. Бегохи хангоме, ки автобус говчушзанхоро овард, кисми зиёдашон маст буданд. Гила кард, ки намедонад бо подабонону говчушхои маст чи кор кунад. Кор пеш намеравад, дузди бисёр, даромаду баракат нест. Дар фосилаи се мох - се коргараш аз дунё гузаштаст. Яктоаш мастомаст гарк гаштааст, дигараш худро ба дор кашидааст, сейумин дар чойи хобаш мурдааст. - Одамони мо чун пашша мемуранд. Аз подабонхои аз Точикистон омада, ки дар колхози хамсоя кор мекунанд ситоиш бинмуд, ки наменушанду коргарони асиланд.
     Бо пирамарди солхурдаи рус, ки дар дарёчаи назди ферма мохидори мекард дуру дароз дар мавзухои мухталиф сухбат кардем. Гуфт, ки православхо хамеша менушиданд, вале мусулмонхои ин чо хеч гох наменушиданд, пас аз инкилоб коммунистон мардумро ончунон аз  динашон дур афканданд, ки имруз мусулмонони ин мавзеъ аз православхо дар шаробнуши бадтаранд. Мардум мемирад, дехахо холи мешаванд, заминхои кормам ба шуразор табдил меёбанд. Ояндаи ин мардуму ин сарзамин чи тур хохад шуд танхо худи Худованд медонад....
    Дехахои холиро дида хузнангез мегардед. Барои чи онон мемиранд. Неруи барк, рох, об, замининхо беинтихои кораму чарогоххои сабзро дороянду, вале онон пайи хам мемиранд. Дар дехахое, ки пеш аз  инкилоб то 600 -700 оила мезист холо ба дехахои кучаке табдил ёфтаанд, ки дар онон панч шаш чуфти пирони рузхои вопасини хешро интизор, зиндаги мекунанд.
    Вакте, ки бандагон Худоро фаромуш мекунанд, Худо низ оноро ба ихтёри фаромуши мегузорад.
      Мутаассифона имруз дар Точикистон мансабдорони дар мактабхои коммунисти "обутоб ёфта" зидди дини Худованд муборизаи шадид мебаранд, масчидхоро валангор месозанд, дари масчидхоро мебанданд, рухониёни намоёни миллатро ба "пурсиш" даъват менамоянд, наврасонро намегузоранд, ки дар намоз ширкат кунанд, аз сари духтарони худопараст руймолро бармекананд...
Ба шарофати Худованду дини Худованд ин миллат зинда монд. Хангоме, ки Бухорои Шариф чойгузини бехудоён гашт, ин миллат хам буду набудашро аз даст дод. Агар коммунистон 20 -30 соли дигар давр меронданд, вазъи кунунии бародарони дар огуши куххои Урал буда, имруз бар сари мо меафтод.
   Мансабдорону дахриёни точикро,ки ба дин фишор меоваранд,  ин чо овард, то бо чашми худ бубинанд, дурафкании миллат аз дин ба чи оварда мерасонад.
 

                                      Хабиб Саид  апрели соли 2009 Урали Чануби




Ахмад Зохир - Ahmad Zahir - احمد ظاهر

БУХАРА

Бобочон Гафуров

ГУЛЬШАН, ЗЕБО, ПАМИР

Душанбе

Душмани №1 точик - вируси М

Двоеженец с Кукуя

Любовь на просторах « Долина Любви»

Исфара

Итальянец, тетя, Золушка, пухленькая гувернантка Жириновского...

Махмудчон Вохидов

ИНSАЙТ

НАСРИ НАВИН

Новеллахо

О таджиках и про таджиков

Проза

Садриддин Айни

Айнӣ - Лоҳутӣ - Турсунзода

Таджикистан  в картинках

Таджикская музыка

Таджикская музыка - ретро

Таджики Китая

Танз

ФАРЗОНА

Хоча Ахрори Вали

Хабиб Саид

Хабиб Саид - SoundCloud

ШАШМАКОМ

Итальянец, тетя и Золушка