Яке ба номи миллат рахмат меораду дигаре лаънат 
 
   




    Бо коре ба деха афтодам, ки аксарияти сокинонашро бошкирхою тоторхо ташкил мекарданд. Гуфтанд, ки ин чо оилаи точике зиндаги мекунад. Хаммиллатамро дарётам. Рахим  солхои хунин 90 тарки кишвар карда дар дехаи дурдасти Урал касби подабониро пеш гирифтааст, то пораи ноне бахри зиндаги биёбад. Подабони омада бо намоз хондану шароб нанушиданаш мардумро дар хайрат бигузошт, зеро дар ин чо подабону коргари хушёрро руз бо чарог намёби. Диндории Рахимро ба назар гирифта уро бештар ба маъракахо даъват мекардаги шуданд, то ба ба рухи гузаштагонашон оёте бубахшадну ё маъракахои диниро сарвари намояд. Дертар оилаашро ин чо овард, зану духтарчахои руймол барсари у хусусан пиронсолонро писанд омад, зеро тарзи либоспуши онон аёми наврасиашонро ба ёд меовард, ки онро мухити атеисти тадричан  ба коми фано бикашида зи гузаштаи хазорсолаашон чудо сохт. Диндории подабони точикро дида атрофиён тадричан ба самти дини бобогиашон гаравиданд. Кунун пайваста дар мохи шарифи рамазон андар хавли у гирд меоянд, то таробех бихонанд. Пурсидам, ки ёди ватан намекунад: - Дар аввал нихоят душвор буд, охиста - охиста одат кардам. Шукри Худо оилам бо ман аст. 


Телевизони Точикистонро тамошо мекунем, дури аз ватанро эхсос намекунем, гуё ки андаруни хавли Точикистону бошаду берун аз он Русия... Вакте, ки бо мошини сокини  деха пас мегаштам сохибаш марди умрдидае гуфт: - Точикон хакикатан мардуми диндор будаанд. Соли гузашта дар хонаи чиянам мехмон шудам. Чор точик дар хавлиаш хона месохтанд. Вакти намоз мерасид, хама корро ба як су гузошта намозашонро ба чой меоваранд, то ин дарача диндор будани точиконро ман пеш намедонистам. Шукри Худо  дар дехаи мо Рахим пайдо шуду мо хам баъзе чизхоро аз у омухтем.
     Дертар ба дехаи дигаре рафтам, то  масъалаеро халу фасл бисозам. Дар даромадгохи деха аз пирамарде хавли бригадиро пурсидам. Пирамард кунчкобона пурсид, ки максадам ва миллатам чист. Вакте, ки фахмид точикам, гуфт, - вактатро бехуда сарф накун…  Сабабашро пурсон шудам. Гуфт, ки дар дехашон Шурик ном точике зиндаги мекард. Боре, гуфт ки модараш дар дами марг асту бояд ба Точикистон равад, вале дар кисааш пайсае нест. Мардумро рахмаш омад пул доданд, то пас гашта пулашонро бармегардонад, ё кор карда медихад. Чанд сол шуд, ки аз Шурики точик на пай хасту на хайдар…

       Хар як точик берун аз кишвар сафири кишвари худ аст. У аз худ чи изе мегузорад атрофиёнаш перомуни  миллаташ тавассути он андеша меронанду хулоса мебароранд. Яке ба номи миллат рахмат меораду дигаре лаънат...




                           Хабиб Саид феврали 2010 Урали Чануби

                 


Ахмад Зохир БУХАРА Душанбе Исфара Хабиб Саид Хабиб Саид - YouTube Таджикская музыка ВИРУСИ - М